Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Мушовир оиди моделсозии тағирёбии иқлим №2 (рӯзи нопурраи корӣ, қарордод оид ба хизматрасониҳои машваратӣ) 18.11.2021

    Мушовир оиди моделсозии тағирёбии иқлим №2 (рӯзи нопурраи корӣ, қарордод оид ба хизматрасониҳои машваратӣ)

    Агентӣ:

    БРСММ / КҲМЗ

    Вазифа:

    Мушовир оиди моделсозии тағирёбии иқлим №2 (рӯзи нопурраи корӣ, қарордод оид ба хизматрасониҳои машваратӣ)

    Рамзи мушаххаси Лоиҳа:

    111538

    Соҳаи амалия – Тавсифи кор

    Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ

    Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост:

    02.12.2021 сол (панҷшанбе, соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ, Тоҷикистон)

    Ҷойи кор:

    шаҳри Душанбе, Тоҷикистон бо ташрифҳои имконпазири зуд зуд ба ноҳияҳои деҳоти ҳавзаи дарёи Кофарниҳон

    Маълумот ва таҷрибаи корӣ:

    Маълумоти олӣ дар соҳаи муҳити зист, илмҳои табиӣ, экология, идоракунии захираҳои об ва ё дигар соҳаи марбута;

     

    Забонҳо:

    Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ бартарӣ дорад

    Навъи вазифаи холӣ:

    Қарордоди инфиродӣ (IC)

    Мӯҳлати амали қарордод:

    6 моҳ бо имконияти тамдиди он


    Муқаддима
    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) лоиҳаи азими «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» -ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди мутобиқшавӣ (ФМ) маблағгузорӣ мегардад.
    Ҳадафи лоиҳа ин беҳтар намудани сатҳи зиндагии хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити тағирёбии иқлим дар оянда мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддиро ба монанди боришоти шадид, баландшавии ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷаи он офатҳои табии гидрометеорологӣ, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, сел ва ярч бештар рух медиҳанд ва суръати бодлесии хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад. Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии ин тағиротҳо назаррасанд: воситаҳои зиндагӣ, маҳсулнокии кишоварзӣ, дастрасӣ ба об ва истеҳсоли гидроэнергетика дар хатар мебошанд.
    Усули умумии Лоиҳа истифодаи усулҳои ҳамгирошудаи идоракунии ҳавзаро дар доираи ҲДК дар бар мегирад. Бо ин мақсад, барои ҳавза стратегияи идоракунии ҳавзаи ба иқлим тобовар таҳия карда мешавад, ки ба банақшагирони миллӣ оид ба рушди маҳалли деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва ҷомеаҳои маҳаллӣ имкон медиҳад, ки хавфҳои иқлимро дар доираи васеъ идора намоянд. Се натиҷаҳои ба ҳам алоқаманд дар доираи Лоиҳа барои ноилшавӣ ба ин ҳадаф мусоидат хоҳанд намуд, аз ҷумла: (i) стратегияи идоракунии ҳавза барои идоракунии хавфи иқлим, ки дар сатҳи ноҳияҳо ва ҷамоатҳои ҲДК амал менамояд; б) Усулҳои ҳамгироишудаи манзараҳои агроэкологӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар сатҳи деҳот; ва iii) барномаҳои амалиётии мавҷудаи идоракунии донишҳо барои идоракунии ҳамгирошудаи ҳавза ва мутобиқсозии он, ки дар асоси низоми экологӣ дастгирӣ карда мешаванд.
    Лоиҳа дар сатҳи миллӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии БРСММ тибқи Созишномаи стандартӣ оид ба расонидани кумаки асосӣ (SBAA, 1993), Барномаи чорчӯбавии БРСММ оид ба расонидани кӯмак бо мақсади рушд (UNDAF) барои солҳои 2016 -2021, ки байни СММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст ва Ҳуҷҷат оид ба барномаи намояндагии БРСММ барои солҳои 2016-2021 байни БРСММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, татбиқ карда мешавад.
    Мушовир оиди моделсозии тағирёбии иқлим №2 бевосита ба Роҳбари Лоиҳа (РЛ) ҳисобот медиҳад ва таҳти роҳбарии умумии Роҳбари гурӯҳи БРСММ / барномаи тағйирёбии иқлим, коҳиши офатҳои табиӣ, энергетика ва муҳити зист кор хоҳад кард. Ӯ барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи Лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар нақшаи кории солона муайян карда шудаанд, мувофиқи муносибатҳои шарикона, меъёрҳои сифат, сатҳи буҷет ва мӯҳлатҳои дар ҳуҷҷатҳои Лоиҳа пешбинишуда, ба РГ кӯмак менамояд.
    Мушовир оиди моделсозии тағирёбии иқлим №2 таҳти роҳбарии бевоситаи РГ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар гурӯҳҳои Лоиҳа барои самаранок ноил шудан ба натиҷаҳо, пешгӯӣ ва ҳал намудани мушкилоти мураккаби марбут ба Лоиҳа ҳамкории зич хоҳад дошт.

    Ӯҳдадориҳо ва масъулият

    • Таҳти назорат ва роҳбарии умумии Роҳбари лоиҳа, Мушовир оиди моделсозии тағирёбии иқлим №2 барои татбиқи бемайлони лоиҳа марбут бо муҳити зист масъул хоҳад буд. Тарҷумони Лоиҳа бо кормандони Лоиҳа (роҳбари лоиҳа; корманд оид ба харид; корманд оид ба молияи маъмурӣ; корманд оид ба мониторинг ва арзёбӣ, аз ҷумла кормандони техникии дар маҳаллҳо ҷалбшуда) оид ба ҷанбаҳои дахлдори Лоиҳа ҳамкории зич хоҳад дошт. Ӯҳдадориҳои мушаххас иборатанд аз:
    • Таҳлили маълумоти мавҷуда оид ба ҳарорати ҳаво, боришот, ҷараёни дарёҳо ва дигар иттилоотии марбут ба ҲДК;
    • Ҷамъоварии маълумот дар бораи сел, обхезӣ, ярч, тарма, хушксолӣ ва дигар маълумот оид ба ҳодисаҳои тасодуфии гидрометеорологӣ барои ҲДК;
    • Таҳлили маълумот дар бораи ҳаҷми об дар ҲДК ва истеъмоли он барои эҳтиёҷоти хоҷагӣ барои муайян кардани хатари истифодаи об дар ҲДК.
    • Муайян кардани осебпазирии ҲДК дар асоси маълумотҳои метеорологӣ, гидрологӣ ва тасодуфии гидрометеорологӣ.
    • Истифодабарии маълумотҳои моделӣ барои пешгӯии тағйироти иқлимӣ ва гидрологии оянда дар ҲДК.
    • Ёрӣ расонидан ба мушовири №1 оид ба моделсозии тағирёбии иқлим дар иҷрои корҳо оид ба таҳлил ва асоснокии хатарҳо, моделсозӣ ва тафсири натиҷаҳои бадастомада.
    • Дар зарурият иҷро намудани дигар ӯҳдадориҳо ва фаъолиятҳои марбута, ки аз ҷониби РГ гузошта мешаванд ва ғайра.
    Салоҳиятҳо
    Идоракунии одамон
    Имконияти баланд бардоштани самаранокӣ ва қаноатмандӣ
    Сатҳи 3: Татбиқ ва мутобиқ шудан (Корманди маъруф бо қобилиятҳои намоишдода)
    Навовариҳо
    Қобилияти ба кор даровардани ғояҳои нав ва муфид
    Сатҳи 3: Татбиқ ва мутобиқ шудан (Корманди маъруф бо қобилиятҳои намоишдода)
    Алоқа
    Қобилияти гӯш кардан, мутобиқ шудан, бовар кунонидан ва табдил додан
    Сатҳи 3: Татбиқ ва мутобиқ шудан (Корманди маъруф бо қобилиятҳои намоишдода)
    Таҳвил
    Қобилияти ноил шудан ба мақсад
    Сатҳи 3: Татбиқ ва мутобиқ шудан (Корманди маъруф бо қобилиятҳои намоишдода)
    Таҳия ва идоракунии барнома дар асоси натиҷаҳои техникӣ/вазифавӣ; Мусоидат намудан барои ноил шудан ба натиҷаҳо тавассути пешниҳоди иттилоот
    • Маълумот ва ҳуҷҷатҳоро дар бораи марҳилаҳои мушаххаси татбиқи лоиҳа / барнома пешниҳод менамояд.
    • Маълумотро барои муайян намудани имкониятҳои рушди лоиҳа пешниҳод менамояд ва дар тартиб додани пешниҳод мусоидат менамояд.
    Сатҳи 3: Татбиқ ва мутобиқ шудан (Корманди маъруф бо қобилиятҳои намоишдода)
    Ташаккули шарикии стратегӣ; Нигоҳ доштани маълумот ва додапойгоҳ
    • Маълумоти умумиро таҳлил менамояд ва маводҳоро барои дастгирии ташаббусҳо оид ба ташаккули шарикӣ интихоб менамояд.
    • Додапойгоҳро аз рӯи иттилооти донорҳо дастгирӣ менамояд
    • Захираҳои сафарбаршударо пайгирӣ менамояд ва дар бораи онҳо ҳисобот медиҳад
    Сатҳи 3: Татбиқ ва мутобиқ шудан (Корманди маъруф бо қобилиятҳои намоишдода)
    Донистани кор/ маълумоти техникии кор
    • Равандҳо ва усулҳои асосии корро вобаста ба вазифа мефаҳмад
    • Дар бораи сиёсат ва расмиёти ташкилот марбут ба вазифа дорои маълумоти асосӣ мебошад ва онҳоро пайваста дар супоришҳои корӣ истифода мебарад.
    • Кӯшиш менамояд, ки донишҳои навтаринро дар бораи кор тавассути омӯзиши мустақилона ва дигар воситаҳои омӯзиш дастгирӣ намояд
    • Дониши хуби технологияҳои иттилоотиро нишон медиҳад ва онро дар супоришҳои корӣ истифода мебарад.
    • Фаҳмиш ва дониши амиқи қоидаҳои роҳбарикунанда ва асбобҳои ҷорӣ оид ба идоракунии лоиҳаҳоро нишон медиҳад ва онҳоро мунтазам дар супоришҳои корӣ истифода мебарад.
    Сатҳи 3: Татбиқ ва мутобиқ шудан (Корманди маъруф бо қобилиятҳои намоишдода)
    Шиносо будан бо муштарӣ; Муносибатҳои самарабахшро бо муштариён дастгирӣ менамояд:
    • Ба муштариёни дохилӣ ва берунӣ саривақт ва ба таври мувофиқ ҳисобот медиҳад
    • Ҷадвали кориро ташкил менамояд ва барои қонеъ гардонидани ниёзҳо ва мӯҳлатҳои ниҳоии муштариён афзалият медиҳад
    • Ба ниёзҳои муштариён зуд ҷавоб медиҳад
    Сатҳи 3: Татбиқ ва мутобиқ шудан (Корманди маъруф бо қобилиятҳои намоишдода)


    Таҷриба ва малакаҳои зарурӣ


    Маълумот:
    Маълумоти олӣ дар соҳаи муҳити зист, илмҳои табиӣ, экология, идоракунии захираҳои об ва ё дигар соҳаи марбута;

    Таҷриба:
    • На камтар аз 5 сол таҷрибаи касбӣ оид ба мониторинги иқлим, аз ҷумла таҷрибаи саҳроӣ;
    • Таҷрибаи ҷамъоварӣ ва идоракунии маълумот/бойгонӣ, аз ҷумла расонидани мониторинги техникии марбут ба масъалаҳои идоракунии муҳити зист;
    • Таҷрибаи кории қаблии нишондодашаванда дар ҳавзаҳои дарёҳои асосии Тоҷикистон бартариро доро хоҳад буд;
    • Ба таҷрибаи қаблии кор бо лоиҳаҳои СММ афзалияти бешубҳа дода мешавад
    Талабот ба забон:
    • Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ бартарӣ дорад
    Маҳорат дар соҳаи ТИ:
    • Таҷриба дар истифодаи компютерҳо ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра), инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ. Ба таҷрибаи кор бо идоракунии вебнизомҳо бартарии зиёд дода мешавад.
    Дигар:
    • Ҳисси қавии тақсимнопазирӣ муҳим аст;
    • Малакаҳои қавии муошират ва ташкилотчигӣ, қобилияти кор кардан дар гурӯҳ, шароитҳои гуногуни мушкил ва мӯҳлатҳои кутоҳтарин .

    Дархостҳо:
    Ҳамаи номзадҳои боихтисос метавонанд бастаи дархости худро бо забонҳои тоҷикӣ / русӣ ва англисӣ тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.
    Шахси тамос дар Лоиҳа:
    Ному насаб: Нурхон Назаров
    Почтаи электронӣ:nurkhon.nazarov@undp.org
    Телефони мобилӣ: +992 949999180

    Ҳамчунин, бастаи дархости чопнамударо дар лифофаи мӯҳрдор бо нишон додани вазифаи холӣ бо суроғаи зерин пешниҳод кардан мумкин аст: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамси 5/1, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон».
    Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳо: 02.12.2021 сол (панҷшанбе, соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ, Тоҷикистон)
    Эзоҳи муҳим:
    Ба занони довталаб пешниҳод намудани дархостҳо ба ин вазифаҳо суботкорона тавсия дода мешавад.

    Бозгашт