Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Дархости пешниҳодҳо алоқаманд ба корҳо оиди муҳофизати боғ тавассути мустаҳкамкунии соҳили дарё воқеъ дар деҳаи Бобои Валӣ, ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод 27.07.2022

    Дархости пешниҳодҳо алоқаманд ба корҳо оиди муҳофизати боғ тавассути мустаҳкамкунии соҳили дарё воқеъ дар деҳаи Бобои Валӣ, ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод

    Дархости пешниҳодҳо алоқаманд ба корҳо оиди муҳофизати боғ тавассути мустаҳкамкунии соҳили дарё воқеъ дар деҳаи Бобои Валӣ, ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод

    Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.                                                                                                                                        

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳо ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи замин дар саросари кишвар афзоиш меёбад.

    Лоиҳа, ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои пешниҳоди корҳо алоқаманд ба муҳофизати боғ тавассути мустаҳкамкунии соҳили дарё воқеъ дар деҳаи Бобои Валӣ, ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод даъват менамояд.

    Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо

    • Пешниҳодҳо бояд ба суроғаи почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org  фиристонида шаванд ва ё мустақиман ба Лоиҳа воқеъ дар КҲМЗ, кӯчаи Шамсӣ 5/1 Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон» дастрас карда шаванд.

    Пешниҳодҳо на дертар аз 10/08/2022 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.

    • Пешниҳодҳое, ки пас аз сана ва вақти болозикр пешниҳод мегарданд, қабул карда намешаванд.
    • Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефони (+99) 2367655 аз соати 09:00-17:00 то 10/08/2022 дар тамос шавед.

    • Ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ метавонанд мавзеъро дар таърихи 02 ва 03 августи соли 2022 аз соати 10:00 то 12:00 аз назар гузаронанд. Телефон барои тамос: +992 907686996

     Ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

    ·         Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат ва ё соҳибкори хусусӣ

    ·         Литсензия барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, муҳандисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

    ·         Иқтибос аз андоз/литсензия

    ·         РМА

    ·         Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона

    ·         Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будан дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

    Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусӣ ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.

    Баҳогузорӣ

       

    Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:

    ·         Нархи умумӣ

    ·         Сифати масолеҳи сохтмонӣ ва ниҳолҳои истифодашаванда

    ·         Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа

    ·         Ҳамлу нақли маҳсулот ба мавзеъ


    ҲАҶМИ КОРҲО

     Номгӯи корҳо

    Воҳиди ченак

    Миқдор

    Арзиши ҷорӣ бо Сомонӣ

    Ҳамагӣ бо Сомонӣ

    Барои 1 адад

    Ҳамагӣ

    Корҳои заминӣ

    1

    Коркарди хок барои партов тавассути экскаваторҳои зарфияти ковшашон 0,65 (0,5-1) м3 , гурӯҳи 3-юми хок

    1000м3

    0,520

     

    Маҳкам кардани нишебӣ бо габионҳо 2,0х1,0х0,5м

     

    2

    Тайёр кардани санг барои пур кардани габионҳо

    тн

    840

     

    3

    Дастӣ бор кардани сангҳо ба мошинҳо барои пур кардани габионҳо

    тн

    840

     

    4

    Омода кардани қуттиҳои габионӣ дорои андозаи 2х1х0,5м

    м3

    420

    5

    Насб ва пур кардани қуттиҳои габионҳо бо сангҳои андозаашон 2х1х0,5м

    м3

    420

    6

    Тайёр ва насб кардани дастгоҳи қуттии габион   

         тн

    4

    7

    Гузоштани қубурҳои полиэтиленӣ d=250мм 

    км

    0,2

    8

    Дастӣ тайёр кардани ҷойҳои нишасти стандартӣ 0,5x0,4 бо илова кардани хоки растанӣ то 25%

    10 чуқурӣ

     

    7,5

    9

    Шинонидани дарахтон бо пораи замини андозаи 0,5x0,4

    10 дона

    7,5

    Ҳамагӣ:

    Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо

    • Нархҳои пешниҳодшаванда бояд тамоми пардохтҳои ҳатмиро дар бар гиранд.
    • Нишон додани муҳлати иҷрои корҳо
    • Лутфан дар сатри мавзӯъи почтаи электронӣ ва ё болои лифофа:“Пешниҳоди корҳо алоқаманд ба мустаҳкамкунии соҳили дарё воқеъ дар деҳаи Бобои Валӣ, ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод” нависонда шавад.

    Пардохтҳо:

    Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк гузаронида мешаванд.

    Рафти қабули корҳои иҷрогардида  

    Мутасадиёни Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро дар макони корҳои иҷрогардида мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Намояндагони Лоиҳа ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар корҳои иҷрогардида нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Лоиҳа корҳои иҷрогардидаро қабул мекунад.


    Бозгашт