| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон







    • Таъмини иҷрои сиёсати ягонаи экспертизаи давлатии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    • Муайян намудани самаранокӣ, мутобиқат ва имконпазирии фаъолияти объекти экспертизашаванда ба талаботи экологӣ ва пешгирии оқтибатҳои  номусоиди  таъсиррасонӣ ба муҳити зист;
    • гузаронидани экспертизаи экологӣ ва додани хулосаи экспертизаи экологии холисона ва асосноки илмӣ;
    •  Ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологии объектҳои зерин:
    • маводҳои пешазлоиҳавӣ ва лоиҳавӣ оид ба интихоби қитъаи замин ва фаъолияти хоҷагидорӣ; 
    • маводҳо оид ба омўзиши пурраи минтақаҳо бо мақсади ба онҳо додани мақоми минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва хатари экологӣ дошта;
    • маводҳо оид ба асосноккунии азхудкунӣ ва истифодабарии сарватҳои табиӣ, содирот ва воридоти онҳо;
    • ҳуҷҷатҳо оид ба воридот ва истеҳсоли намудҳои нави техника, технология, масолеҳ, ашё, мол ва хизмати сертификатшаванда;
    • барномаҳои давлатии комплексӣ ва мақсадноки иқтисодию иҷтимоӣ, илмию техникӣ, дурнамои рушд ва ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    • лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, дастурию методӣ, ки фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти ба истифодабарии муҳити зист алоқаманд бударо танзим менамояд;
    • лоиҳаҳои ташкили ҳудудҳои рушд ва дигаргун сохтани сохтор ва фаъолияти махсусмуҳофизатшаванда, минтақаҳои истироҳатӣ ва  сайёҳӣ;
    • ҳуҷҷатҳо оид ба воридот ва истифодаи маводҳои химиявӣ, воситаҳои биологии истифодашаванда ва бори аввал барои истифода воридшаванда, маҳсулотҳои дар асоси онҳо сохта шуда, инчунин маводҳои техникӣ-резинӣ;
    • маводҳо оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаҳои азнавсозӣ, васеъкунӣ, аз нав таҷҳизонии техникӣ, барҳам додан ва муваққатан аз фаъолият боздории иншоот, корхона ва дигар лоиҳаҳо, сарфи назар аз мансубияти муассисавӣ ва шакли моликият, ки тадбиқи онҳо мумкин аст ба муҳити зист таъсир расонад;
    -Дар доираи салоҳияти худ дар баррасии ҳуҷҷатҳои мувофиқашаванда оид ба сарватҳои табиӣ, партовҳо ба ҳавои атмосферӣ, партовҳои обӣ, гуркунии партовҳо дар марҳилаи интихоби қитъаи замин иштирок менамояд.


    Бозгашт