| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷамъбасти ҳамоиши сарони кишварҳо дар иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим

    Ҷамъбасти ҳамоиши сарони кишварҳо дар иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим

    7 ноябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) иштирок намуда, суханронӣ карданд.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуданд.

    Таъкид гардид, ки хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон ва аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад.    

    Тоҷикистон бо 93 фоизи ҳудуди куҳсораш дар баробари тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад. Офатҳои табиии вобаста ба ин раванд ҳамасола ба иқтисоди кишвари мо садҳо миллион доллар хисорот ворид карда, дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.

    Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз аст ва дар ин радабандӣ кишвари мо дар ҷойи 130-ум қарор дорад, яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Зиёда аз 98 фоизи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне “энергияи сабз”, бахусус гидроэнергетика ба даст меояд ва аз рӯи ин нишондиҳанда мо дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорем.

    Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки захираҳои об дар раванди мутобиқшавӣ ва устуворнокӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳамчунин, коҳиш додани оқибатҳои он нақши калидӣ доранд.

    Бо дарнарназардошти он ки пиряхҳо ва дигар манбаъҳои  обии Тоҷикистон, ки дар ҳудудаш 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, ин раванд ба нақшаҳои истифодабарии об дар кишварҳои минтақа  мушкилоти иловагиро ба бор хоҳад овард.

    Дар ин замина, Тоҷикистон дар доираи Эътилофи обу иқлим пешниҳод намуд, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад.

    Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо дар доираи талошҳоямон барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи марти соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор мегардад, ҳамбастагии обу иқлимро ба ҳайси яке аз мавзуъҳои асосии Конфронс пешниҳод намудаем.

    Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавассути иштироки фаъол, гирифтани уҳдадорӣ ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин масъулияти бузург кишвари моро дастгирӣ хоҳанд кард.

    Зимни ҷамъбасти ҳамоиши сарони кишварҳо қайд кардан бамаврид аст, ки дар Конфронси 27-уми ҷонибҳои Созмони Милали Муттаҳид беш аз 400 ҳазор иштирокчиён аз 100 кишвар, рӯзҳои 7-8 ноябр дар сатҳи олӣ намояндагӣ дошта, ба қайд гирифта шуданд.

    Маврид ба зикр аст, ки Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим то 18 ноябри соли ҷорӣ давом медиҳад. Қабл аз маросими пӯшидашавии расмии Конфронс дар Павилиони миллӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва созмонҳои байналмилалӣ, баргузории чорабиниҳои канорӣ ва ҳамоишҳо дар мавзуҳои афзалиятноки миллӣ ва вобаста ба мавзуҳои Конфронс ба нақша гирифта шудааст.


       


    Бозгашт