Аксияҳои «Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал» дар шаҳри Гулистон.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияҳои «Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил» идома дорад.Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар соҳили обанбори баҳри Тоҷик бо иштироки 310 нафар кормандони бахши фарҳанг ва маориф аксияи «Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар рафти аксия аз тарафи иштирокчиён 1 км ҷӯйбор, 600 м2 ҳудуд ва 4 км қадди роҳҳо, 700 метр соҳилҳои обӣ тоза карда шуда, 4 м3 партовҳо љамъоварӣ гардида ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.