Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 906
    09.11.2021
    9 ноябр дар назди муовини раиси Кумита Мавлодод А. М. маҷлиси навбатии...

    Дар маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита

    9 ноябр дар назди муовини раиси Кумита Мавлодод А. М. маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи мақомоти соҳавӣ баргузор гашт. Дар он фаъолияти ҳафтаи аз 1 то 5 ноябри соли 2021 сохторҳои Кумита ва зерсохтори он дар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Пас аз шунидани ҳисоботи таҳлилӣ аз ҷониби муовини раиси Кумита Мавлодод А. М. камбудию норасоиҳои ҷойдошта, аз қабили фаъолияти баъзе шуъбаю бахшҳои шаҳрию ноҳиявӣ оид ба самтҳои назоратӣ таъкид гардид. Дар робита ба ин, ба раёсату шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи марказии Кумита супориш дода шуд, ки сабабҳои камфаъолиятии сохторҳои марбутаро дар ҳафтаи сипаришуда омӯхта ба роҳбарияти Кумита маълумоти аниқ пешниҳод намоянд.

    Ҳамзамон, ба масъулони сохторҳо супориш шуд, ки оид ба иҷрои босифат ва саривақтии мактубҳо, дигар ҳуҷҷатҳои идоравӣ, нақшаҳои корӣ, протоколҳои ҳарҳафтаинаи роҳбарияти Кумита диққати зарурӣ диҳанд.

    Дар охир, вобаста ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.