Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1063
    09.11.2021
    Бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар

    Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат

    Бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази бозомӯзии сарраёсат дар шаҳри Бӯстон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят баргузор гардид.   

    Сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. бо суханони ифтитоҳӣ чорабинии мазкурро оғоз намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат зимни Паёмашон изҳор доштаанд, ки «Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад». Қобили зикр аст, ки пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар моддаи 13-и Конститутсия омадааст: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ истиснои давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Тибқи моддаи 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст».

    Инчунин, дар маҷлис сармутахассис оид ба ҳуқуқи сарраёсат оид ба Конститутсия ки асосан шиносномаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад, суханронӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки дар Конститутсия тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассум ёфтаанд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмуъ ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд.

    Дар рафти маҷлис кормандон бобати ин дастоварди бузурги даврони Истиқлолият, дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро қайд намуда, бовар кунониданд, ки ин Қонуни олии мамлакатро ҳамеша эҳтиром ва сармашқи кор худ қарор дода, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.