Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 977
    16.11.2021
    10 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи...

    Баргузории аксияи “Тозагии соҳил” дар ноҳияи Рӯдакӣ

    10 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор дар ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳия аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

    Дар рафти баргузории аксия 40 нафар сокинон, аз ҷумла раисони маҳаллаҳо иштирок намуда, ба масофаи 200 метр ҷӯйбору заҳбурҳо аз партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуда, 3 метри кубӣ партови ҷамъшуда ба партовгоҳи ноҳиявӣ интиқол дода шуданд.

    Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия нақша доранд, ки то мусоид будани вазъи обу ҳаво дар ноҳия гузаронидани чунин аксияҳои эклогиро идома диҳад.