Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 720
    10.11.2022
    Рӯзи 10 ноябри соли равон мулоқоти Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии...

    Мулоқоти Баҳодур Шерализода бо Ҷон Керрӣ дар ҳошияи COP27             

    Рӯзи 10 ноябри соли равон мулоқоти Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои иқлим ҷаноби Ҷон Керрӣ баргузор гардид. Мулоқот дар чаҳорчӯби Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб (7-18 ноябри соли 2022) баргузор гардид.

    Дар оғози мулоқот Шерализода Баҳодур ба Ҷон Керрӣ дар бораи иқдомоти кунунии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар заминаи тағйири иқлим, об ва муҳити зист маълумот дод. Аз ҷумла, ба ташаббуси Тоҷикистон дар мавриди эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Ҳамчунин, дар бораи ҳамкории Кумита ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар соҳаи ҳиссагузориҳои миллии муайяншуда (НДС) қайд карда шуд.

    Дар навбати худ, ҷаноби Керрӣ аҳамият ва саривақтии ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбарияти олии Тоҷикистонро дар соҳаи тағйири иқлим ва об қайд кард. Ҳамчунин, номбурда ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи ташаббуси ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо – Уҳдадориҳои глобалии метан, ки аз он иборат аст, ки кишварҳои ҳамроҳ тасмим доранд, то соли 2030 партоби метанро то 30% коҳиш диҳанд, маълумот дод.

    Дар қисмати ниҳоии мулоқот ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳои Амрико ва Тоҷикистон дар заминаи тағйири иқлим ва ҳифзи муҳити зистро тақвият диҳанд.


     IMG_0978.JPG IMG_0993.JPG IMG_1005.JPG