Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 723
    14.11.2022
    14 ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии...

    Дар ҷаласаи  навбатӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти зерсохторҳои Кумита               

    14 ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳарафтаинаи Кумита баргузор шуд. Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти дуҳафтаинаи сохторҳои марбутаи Кумита аз 1 то 12 ноябри соли 2022 мавриди баррасӣ ва пурсиш қарор дода шуд.

    Дар ҷаласа муовини сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Қосимова Г. оид ба фаъолияти самтҳои мақомоти соҳавӣ дар ҷумҳурӣ ва сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорат Салимзода Ш. оид ба рафти иҷрои мактубҳои назоратӣ ба муовини якуми  раиси Кумита  ҳисобот доданд.  

    Ҳамаи масъалаҳои дар ҷаласа гузошташуда мавриди таваҷҷуҳи масъулони иҷро  қарор дода шуда,  пас аз натиҷагирии фаъолияти ҳафтаҳои қаблӣ барои ҳафтаи навбатӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд.