Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 666
    12.12.2022
    12 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Хиллон” дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор семинари роҳбарикунандаи миллии лоиҳаи...

    Семинар оид ба лоиҳаи «Намоишдиҳии коркарди ғайриҳароратии партовҳои дорои дихлордифинил-трихлорметилметан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ”                              

    12 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Хиллон” дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор семинари роҳбарикунандаи миллии лоиҳаи “Намоишдиҳии коркарди ғайриҳароратии партовҳои дорои дихлордифинил-трихлорметилметан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” баргузор гардид.

    Дар оғоз муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист оид ба равишҳои бисёрҷониба ва муоссир дар раванди ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва миллии экологӣ нигаронида шудааст. Гуфта шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон заминаи қонунгузорӣ ва институтсионалӣ барои бомуваффақият татбиқ намудани қонуну қарорҳо ва уҳдадориҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи конвенсияҳо ва созишномаҳои экологӣ ташаккул ёфт. Имрӯз Тоҷикистон ба 10 конвенсияҳои байналмилалӣ, ки ҷузъи низоми ҳуқуқии миллӣ мебошанд, ҳамроҳ шудааст. Барои татбиқи самараноки Конвенсияи Стокголм «Дар бораи ифлоскунандаи устувори органикӣ» нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои ба зимма гирифташуда тасдиқ карда шуда, мавриди амал қарор гирифтааст.

    Ҳамзамон, директори Намояндагии фонди Швейтсари оид ба безараргардонии минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (FSD) Дин Муҳаммад Некхоҳ дар заминаи ҳамкориҳо ва вобаста ба мавзуи мазкур ибрози назар намуд.

    Сипас, директори МД “Маркази миллии иҷрои уҳдадориҳои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ Ҷураев Абдусалим, роҳбари лоиҳа аз Барномаи аврупоии СММ (UNEP) Ваутер Пронк, мушовирони техникӣ- менеджери лоиҳа аз FSD оид ба татбиқи барномаҳо дар Осиёи Маркази Майк Барри ва дигарон дар масъалаҳои вобаста ба мавзуъ ба тариқи суҳбат ва рӯйнамоҳо баромад намуданд.

    Дар семинар ҳусни тафоҳум карда шуд, ки фаолияти самараноки идоракунии заҳрхимикатҳо ин муносибати ҳамаҷониба ва технологияҳои пешқадами безараргардониро тақозо мекунад.

    IMG_0876.JPG IMG_0884.JPG