Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 715
    12.12.2022
    12 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳарии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита баргузор...

    Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Кумита                      

    1670837066365.jpg

    12 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳарии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ду ҳафтаи аввали моҳи декабри соли равон ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. пас аз шунидани ҳисоботи сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба масъалаҳои ҷорӣ ибрози назар намуда, таваҷҷуҳи масъулони соҳавиро барои ҷамъбасти ҳамаҷонибаи самтҳои соҳавӣ, аз ҷумла иҷрои дастуру супоришҳо, барномаю стратегияҳо, нақшаҳои корӣ ва ғайра дар ҳисоботи солонаи 2022 ҷалб намуд.

    Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби муовини якуми раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.