Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 637
    13.12.2022
    13 декабри соли равон дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Фонди адаптатсионӣ...

    Баргузории тренинги гендерии омӯзишӣ дар раванди лаиҳаҳои тадбиқшаванда                                

    13 декабри соли равон дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Фонди адаптатсионӣ ва Барномаи рушди СММ (UNDP) дар доираи татбиқи лаиҳаи “Усули ҳамгирошудаи назариявӣ барои таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон” тренинги гендерии омӯзишӣ баргузор гардид.

    Дар тренинги омӯзишӣ дар баробари тренерони лоиҳаи мазкур аъзои гурӯҳи корӣ ва намояндагони ташкилотҳои шарики лоиҳа иштирок намуданд.

    Тибқи тартиби барномаи пешниҳодшуда вақти тренинг ба қисматҳо ҷудо гардида, аз ҷониби тренерон масъалаҳои пур кардани пурсишномаҳо, қабули қоидаҳо, баррасии барнома, гендер ва муқаддимаи он, ҳассосияти гендерӣ, ворид намудани усулҳои гендерӣ дар раванди татбиқи лоиҳаи мавриди назар, сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми занону мардони деҳот дар мавриди истифодаи об малакаҳои гендерӣ ва монанди инҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.

    Усули омӯзиш, ки ба тариқи кор бо гурӯҳҳо сурат гирифт, қобили таваҷҷуҳ ва шавқовар буд. Дар хотима муҳтавои тренинги омӯзишӣ натиҷагирӣ карда шуда, ҳосили дарки масъалаҳои мавриди назар дар варақаҳои пурсишномавӣ хонапурӣ карда шуд.

    DSC_1018.jpg DSC_1009.jpg DSC_1012.jpg DSC_1035.jpg

     SiteDSC_0977.jpg