Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 510
    12.12.2022
    Тибқи нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 аз тарафи мутахассиси шуъбаи ҳифзи...

    Семинари машваратӣ ва вохурӣҳо баҳри беҳдошти муҳити зист дар ноҳияи Рӯдакӣ                                      

    Тибқи нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 аз тарафи мутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рӯдакӣ дар бинои муассисаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба сокиинони маҳал дар мавзуи ҳифзи заҳираҳои об ва вохурӣ ороста шуд.

    Чунин як чорабинии дигар баҳри татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 116 дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 11 майи соли 2021, №801 дар муассисаи давлатии нигоҳдории рохҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур аз тарафи мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ин ноҳия семинари машваратӣ доир ба муомилот бо партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ гузаронида шуд.

    Чунин чорабиниҳо баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии сокинон мусоидат менамояд.