Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 530
    17.12.2022
    Бо дастури роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи...

    Ниҳолшинонӣ дар Боғи Ғалабаи пойтахт                        

    IMG_20221217_121716.jpg

    Бо дастури роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар талу теппаҳои МД “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории хоҷагии ҷангал” зиёда аз 600 бех ниҳоли санавбар бо риояи талаботҳои агротехникӣ шинонида шуд.

    Баҳри беҳтар намудани ҳолати талу теппаҳои ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал” тибқи нақша шинонидани 58163 бех дарахтони санавбар, можжевелник, туя, шулаш ва олӯи даштӣ (ёбоӣ) дар мавсими кабудизоркунии тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 амалӣ мегардад.

    Бояд қайд намуд, ки роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сарсабзу шукуфон ва ба “шаҳри сабз” мубаддал гардонидани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҳиссагузорӣ намуда истодааст.

    Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар талу теппаҳои МД “Боғи Ғалаба ва нигоҳдории хоҷагии ҷангал” ба миқдори 4715 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида хоҳад шуд.