Иқдоми навбатии Пешвои миллат дар Созмони Милали Муттаҳид
Бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум Қатъномаи Тоҷикистонро таҳти унвони соли 2025 “Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Бар асоси ин қатънома, аз оғози соли 2025 ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад.
Бахшида ба ин чорабинӣ 20-уми декабри соли равон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки доираи васеи сокинон, дар шаҳри Кӯлоб аксия ва раҳпаймоии ҳифзи пиряхҳо доир гардид, ки дар он зиёда аз 4500 нафар намояндагони корхонаву ташкилотҳо, ҷавонон ва донишҷӯён иштирок намуданд.