Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 566
    15.01.2023
    Кормандони Мамнӯъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” имрӯзҳо баҳри хифзу нигохдории олами набототу ҳайвоноти...

    Корҳои биотехникӣ дар “Бешаи палангон”                                                 


    Кормандони Мамнӯъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” имрӯзҳо баҳри хифзу нигохдории олами набототу ҳайвоноти ин гӯшаи табиати зебои диёр корҳои лозимаро анҷом медиҳанд.

    Ба гуфтаи масъулон ҳамасола барои мавсими зимистон дар мамнӯъгоҳ омодагии ҳамаҷониба гирифта шуда, ба миқдори зарурӣ коҳу хошок барои ҳайвонот ва ғалладонагиҳо барои парандагон захира карда мешавад.

    Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумита масъулини бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати омодагӣ ба ин давра маводи гуногуни ғизоӣ барои парандагону ҳайвонот захира карда, имрӯзҳо аз он ба таври васеъ истифода менамоянд.

    Айни замон ҳудуди мамнӯъгоҳ ба 4 минтақа, 9 дидбонгоҳ ва 65 квартал тақсим гардидааст, ки дар онҳо кормандони масъул шабонарӯз фаъолият мекунанд.

    Кӯлҳои мамнӯъгоҳ макони зимистонгузаронии парандагони минтақаҳои сард мебошад. Бо фарорасии фасли зимистон баъзе намуди парандагон аз дигар давлатҳои иқлими нисбатан сард омада, то фарорасии фасли гармо дар ин ҷо боқӣ мемонанд.

    Кормандони Мамнӯъгоҳ минбаъд, ҳамин гуна иқдомҳои амалиро роҳандозӣ карда дар мавзеъҳои гашту гузори ҳайвоноту парандагони нодир хошоқ ва донагиҳо мегузоранд.

    2 ФТО.jpg 5 ТЕХНИКИ.jpg