Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Турсунзода
Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, дар асоси нақшаи корӣ бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода дар соҳили дарёи Қаратоғ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.
Дар соҳили дарёи Қаратоғ аз ҷониби мутахассисони шуъба беш аз 600 кг донҳо пошида шудааст.
Дар соҳили дарёи Қаратоғ тибқи маълумоти баҳисобгирии мутахассисони соҳа як қатор намуди парандагон, аз он ҷумла мурғобӣ, чирак, ғоз, лаклак, тӯрна, боша ва ғайраҳо ба қайд гирифта шудаанд.