Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 521
    15.01.2023
    Дар асоси  барқияи телефонии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати...

              Корҳои биотехникӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон                                                       


    Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шуъбаҳо ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои гузаронидани корҳои биотехникӣ ба миқдори 830 кг ғалладонагӣ   харидорӣ намуд.

    16 январи соли равон мутахассисон ва ризокорон дар мавзеъҳои ҷамъшавии парандагон корҳои биотехникиро гузаронида, 400 кг ғалладона дар теппаҳо ва доманакӯҳҳо пошида шуд.

    Бо сабаби сард омадани зимистони имсола барои ҳифзи олами набототу ҳайвонот корҳои биотехникӣ минбаъд низ идома дорад.