Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 607
    17.01.2023
    Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои баландкӯҳ ва...

    Дар шаҳри Истаравшан чорабиниҳои ҳифзкунандаи олами ҳайвоноти ваҳшӣ гузаронида шуд                                                         

    IMG-721c30833346db32b8acca882b7331bd-V.jpg

    Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» баргузор гардида истодааст.

    Бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сармои зимистон бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан якҷоя бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар минтақаи Навободи ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳр, ки минтақаи сардтарин ва сербориштарин ба ҳисоб меравад, корҳои биотехникиро гузарониданд.

    Дар рафти корҳои биотехникӣ 70 кг гандум, 60 кг ҷав, 40 кг лаблабӯи сурх, 30 кг картошка, 20 кг намак ва 12 бастаи коҳи гандум дар доманакӯҳҳои ин минтақа пошида шуд.

    Барои минбаъд, аз сардиҳои фасли зимистон эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандагоне, ки дар доманакӯҳ ва минтақаҳои сардтарин сукунат доранд, гузаронидани чунин амалиёт ва корҳои биотехникӣ идома дода мешаванд.