Аксияҳои тозагии маҳал, соҳил ва шоҳроҳ дар миқёси вилояти Суғд
Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани вазъи экологӣ, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист дар миқёси вилояти мазкур дар давоми моҳи август аксияҳои “Тозагии маҳал, шоҳроҳ” ва “Тозагии соҳил” ташкил ва гузаронида шуд.
Аксия бо иқдоми зерсохторҳои мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист ва бо иштироки беш аз 46 ҳазор нафар сокинони маҳаллаҳо, кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳо дар қаламрави вилоят доир гардид.
Дар рафти баргузории аксия қадди роҳҳо ва шоҳроҳҳо, ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, соҳили дарё ва манбаъҳои обӣ аз алафҳои бегона ва партовҳои гуногун тоза карда шуда, 421,6 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ тавассути нақлиётҳои махсуси коммуналӣ интиқолу ҷойгиронида шуданд.