Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 384
    Санаи 24 - уми октябри соли ҷорӣ дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бо ҷалби масъулону кормандони мақомоти...

    Баргузории аксияи “Тозагии маҳал” дар шаҳри Бохтар               


                                              


    Санаи 24 - уми октябри соли ҷорӣ дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бо ҷалби масъулону кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои маориф, тандурустӣ, сокинони маҳал, соҳибкорон, ҳамчунин дигар кормандони касбу кори гуногун дар кӯчаву хиёбонҳо ва 56 нуқтаҳои партовпартоии ҳудуди шаҳри Бохтар аксяи “Тозагии маҳал” доир карда шуд.

    Тибқи маълумоти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон 23 октябри соли 2023 раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарияти шаҳри Бохтар, масъулони соҳаи коммуналӣ ва дигар сохторҳои марбута ҷаласаи корӣ доир намуданд. Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа вазъи хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмини тозагии шаҳр ва ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба корҳои ободонӣ дар маркази маъмурии вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси вилояти Хатлон оид ба вазъи нигароникунандаи партовгоҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва баровардани партовҳои истеъмолкунандагон, истифодабарӣ ва таъмини хизматрасонии иншоотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, тозагии санитарӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ дар шаҳри Бохтар ибрози андеша намуда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар дар ин самт ғайриқаноатбахш мебошад.

    Бояд тазаккур дод, ки дар банди 5 “Тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 626 қабул гардидааст, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои муайян, ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб комиссияи доимамалкунанда таъсис медиҳад. Ба ҳайати комиссия муовини раиси шаҳр, ноҳия, намояндагони сохторҳои минтақавии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва сохторҳои дигар шомил мешаванд. Комиссияи мазкур дигар салоҳиятҳоеро доро мебошад, ки дар  “Тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб” дарҷ гардидааст.

    Ҳамзамон, 24 октябри соли равон бо мақсади иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон вобаста ба сари вақт тоза намудани нуқтаҳои партовгоҳҳо ва рафъи мушкилоти мавҷуда ва инчунин тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бохтар аксяи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Дар ин иқдом ҷиҳати сари вақт тоза кардани 56 нуқтаҳои партовгоҳҳои ҳудуди шаҳри Бохтар сокинони касбу кори гуногун ҷалб гардида, барои баровардани партовҳои гуногун аз ҳудуди шаҳри Бохтар се техникаи борбардор ва 18 адад мошинҳои калони боркаш сафарбар карда шуд, ки дар натиҷа  беш аз 400 куб партовҳо ба нуқтаи асосии партовпартоии беруназшаҳрӣ бароварда шуда буданд.

    Намояндагони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бохтар ҳамарӯза дар асоси супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини тозагии муҳити зист фаъолияти назоратиро дар ҳамаи самтҳо пурзӯр намуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас меандешанд.

    IMG_7833.jpg IMG_7874.jpg