Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1239
    Бо даъвати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 29 то 31 октябри соли ҷорӣ...

    Сафари кории роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист ба Ҷумҳурии Тоҷикистон               


                                              


    Бо даъвати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 29 то 31 октябри соли ҷорӣ сафари кории ҷаноби Ҷамил Аҳмад, роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню Йорк ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Зимни сафари корӣ 29 октябри соли ҷорӣ ҷаноби Ҷамил Аҳмад аз мамнуъгоҳи давлатии табиии “Бешаи Палангон”, ки дар Иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида буд, дидан намуданд. Ҳамчунин,    30 октябри соли ҷорӣ ҷаноби Ҷамил Аҳмад бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон вохӯри намуда, масъалаҳои гуногунии биологӣ, рушди устувор, тағйирёбии иқлим, хатари офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои муҳими имрӯзаро баррасӣ намуданд.

    Ҳадафи даъвати ҷаноби Ҷамил Аҳмад, роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню Йорк ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ, иртибот ва табодули афкор оид ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва экология мебошад. 

    IMG_0546.jpg IMG_0537.jpg IMG_0540.jpg