Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1459
    Дар доираи сафари кории роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ...

    Вохӯрии роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон               


                                              


    Дар доираи сафари кории роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню-Йорк ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷамил Аҳмад 30 октябри соли 2023 бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрӣ ва тавассути рӯйнамо дарси кушод баргузор гардид. Дар оғоз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон суханронӣ намуда, ташрифи меҳмононро хушомадед гуфт. Зимни суханронӣ ташаббусҳо ва пешниҳодҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва обу экология мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуда, дастовардҳои илмии устодону донишҷӯён ва тавсеаи илмҳои биологӣ ва экология қайд карда шуд.

    Пас аз гузаштани дарси кушод аз тарафи роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист байни устодону донишҷӯён ва меҳмони чорабинӣ дар доираи мавзуи пешниҳодшуда саволу ҷавоб доир гардида, ба саволҳои сершумори иштирокдорони аудитория ҷаноби Ҷамил Аҳмад посухҳои мушаххас доданд.

    Ёддовар мешавем, дар доираи сафари роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню-Йорк ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд чорабиниҳо ва вохӯриҳои судманд бо вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла вохӯриҳо бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Ленни Монтиел, бо директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло ва директори МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» Холзода Суҳроб, бо аъзоёни маҳфили эко-журналистони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, намояндагони бахши хусусӣ, бо директори Маркази минтақавии Осиёи Марказӣ, дарсҳои кушод дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи милли Тоҷикистон ва ғайра дар назар дошта шуда, тибқи барномаи баргузорӣ амалӣ гашта истодааст.

    Маркази ахбори экологии Кумита ҳар як вохӯрӣ ва иштироки роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню-Йорк ҷаноби Ҷамил Аҳмадро дар чорабиниҳои тасмимгирифташуда пайгирӣ намуда, дар нашрҳои баъдӣ ба тариқи сомонаи мазкур пешниҳоди алақамандон менамояд.

    IMG_0553.jpg IMG_0559.jpg IMG_0572.jpg IMG_0582.jpg

    IMG_0589.jpg IMG_0614.jpg IMG_0664.jpg IMG_0683.jpg