Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1367
    Дар доираи сафари кории роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ...

    Ташрифи ҷаноби Ҷамил Аҳмад ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон               


                                              


    Дар доираи сафари кории роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню-Йорк ҷаноби Ҷамил Аҳмад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 29 то 31 октябри соли 2023 пешбинӣ гардида буд, 31 октябр бо устодон ва донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушод оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист баргузор гардид.

    Бо раҳбаладии намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ҷамил Аҳмад ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳайати меҳмононро роҳбаряти муассисаи мазкур истиқбол намуданд. Дар ин асно меҳмонон бо роҳбаладии ректори Академияи мазкур доктори илмҳои ҳуқуқ профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ аз дастоварҳои Академия шинос шуда, ҳамзамон дар доираи як мизи мудаввар ректори Академия Ғафурзода А. Д. оид ба самтҳои фаъолияти муассисаи мазкур маълумот дод.

    Аз ҷумла қайд гардид, ки Академияи идораракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, барномаи таълимӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатиро оид ба идоракунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

    Баъд аз шиносоӣ бо аудиторияҳо, усдодону омӯзгорон, китобхона ва гӯшаҳои маълумотдиҳӣ дар яке аз толорҳои Академия бо иштироки доираи васеи донишҷӯён ва устодон дарси кушод дар мавзуи вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва экология баргузор гардид. Ҷаноби Ҷамил Аҳмад ҳадафи Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зистро тариқи руйнамо шарҳу тавзеҳ дода, сипас суолуҷавоб сурат гирифт. Дар охир ҷаноби Ҷамил Аҳмад изҳори хушнудӣ аз он кард, ки дар масъалаҳои гуногуни вобаста ба беҳдошти муҳити зист, ба хусус ҷавонони тоҷик таваҷҷуҳи зиёд доранд ва саволҳои онҳо омӯхташудаю таҳлилӣ ва мантиқӣ мебошанд. Мавсуф илова намуд, ки ҳамаи саволҳои додашуда барои баррасӣ ва корбарии минбаъда ба ин Созмани экологии бонуфузи ҷаҳонӣ пешниҳод хоҳад шуд.

    Гузаронидани чунин чорабиниҳо бароӣ шиносоӣ, омӯзиши ҳолати кунунӣ, ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, экология, тағйирёбии иқлим, дигар самтҳои марбута ҷиҳати ҷалб ва равона гардидани маблағҳо баҳри ҳифз ва солимгардонии табиат, пешгирӣ аз нестшавии гунаҳои набототу ҳайвонот мусоидат менамояд.

    396981641_661652202747788_678012332337659790_n.jpg 398094016_661652186081123_6569085603948818581_n.jpg 398104511_661651986081143_5422286323826345069_n.jpg 398161425_661651989414476_9143249713692216885_n.jpg