Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1059
    Дар Иҷлосияи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси умумиҷаҳонӣ, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор гардид...

    Ташрифи роҳбарияти Кумита бо ҳайати меҳмонон ба “Бешаи палангон”             


                                              

    Дар Иҷлосияи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси умумиҷаҳонӣ, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор гардид, 20 сентябри соли 2023 Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

    Дар заминаи ин рӯйдоди муҳим, 29 октябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню-Йорк, Ҷаноби Ҷамил Аҳмад, Директори Намояндагии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (GIZ) – Хонум Сабинe Олтхоф ба Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” сафари шиносоӣ баргузор карда шуд.

    Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар ҳузури меҳмонон сӯханронӣ намуда, изҳор дошт, ки тадбирҳо ҷиҳати ворид намудани Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати экологии Ҳукумати мамлакат амалӣ карда шуд.

    Зикр гардид, Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» нахустин мамнуъгоҳи табиии давлатии Тоҷикистон буда, 4 ноябри соли 1938 бо мақсади ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои нодири биёбону туғайзорҳо ва олами ҳайвоноти гуногуни хоси минтақаи биёбонӣ дар майдони 49,7 ҳазор гектар ташкил кардашуда, то имрӯз нақши мамнуъгоҳ дар ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ ва афзунгардонии захираҳои он назаррас мебошад.

    Меҳмонон аз осорхонаи мамнуъгоҳ боздид ба амал оварда, сипас мавзеҳои гуногун, экосистемаҳои обию хушкӣ ва ҷангалзори туғайи мамнуъгоҳро мушоҳида намуданд.

    398083771_661555769424098_8493493672901443155_n.jpg 398091242_661555752757433_830963598745637186_n.jpg