Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1363
    Дар шароити ҷаҳонишавиии муосир ва бархурди манфиатҳои миллӣ ҳифзи муҳити зист масъалаи муҳими...

    Вохӯрии ҷаноби Ҷамил Аҳмад бо аъзоёни маҳфили эко-журналистони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ               


                                              


    Дар шароити ҷаҳонишавиии муосир ва бархурди манфиатҳои миллӣ ҳифзи муҳити зист масъалаи муҳими ин раванд дониста мешавад. Дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, хусусан, иқдоми ҳимояи пиряхҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат пешбарӣ намуд, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои гуногун ҷонибдорӣ гардидаанд. Вобаста ба ин барои ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои созанда оид ба ҳифзи муҳити зист ва махсусан захираҳои пиряхҳо ҳар як субъекти ин раванд бояд ташаббускорӣ нишон диҳад, то ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ҳадафҳои олии худ расида бошад.

    Бо мусоидат ва даъвати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари кории худ роҳбари Департаменти робитаҳои байналмилалии Барномаи СММ оид ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ню-Йорк ҷаноби Ҷамил Аҳмад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 31 октябри соли 2023 бо аъзоёни маҳфили эко-журналистони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, намояндагони бахши хусусӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар меҳмонхонаи «Hilton» вохӯрӣ баргузор намуд. Ҷаноби Ҷамил Аҳмад дар робита ба мавзуи ҳифзи муҳити зист маърӯза намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки тағйирёбии иқлим ва бесобиқа боло рафтани ҳарорати миёнаи сайёраи замин ва оқибатҳои манфии ҳаёти инсон, давоми солҳои охир, метавонад ба обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

    Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерии Кумита Тиллоӣ Гулрухсор оид ба татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла амалигардонии “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баромад намуд.

    Сипас, суолуҷавоб сурат гирифта, саволдиҳандагон бештар ба масъалаҳои маблағгузорӣ ва татбиқи конвенсияҳои байналмилалии экологӣ, ҳамкориҳои муштарак, ҷалби воситаҳои ахбори омма дар чорабиниҳои экологӣ, дигар масъалаҳои рӯзмараи вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва тағйирёби иқлим таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ҷаноби Ҷамил Аҳмад ба саволҳои сершумори иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас доданд.

    Гузаронидани чунин чорабиниҳо бароӣ шиносоӣ, омӯзиши ҳолати кунунӣ, ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, экология, тағйирёбии иқлим, амалишавии бомароми нақшаву стратегияҳои дар ин самт тарҳезишуда, дигар самтҳои марбута баҳри ҳифз ва солимгардонии табиат, пешгирӣ аз нестшавии гунаҳои набототу ҳайвонот ва огоҳонии доираи васеи аҳолӣ оид ба масъалаҳои мавриди назар мусоидат менамояд.

    IMG_0804.jpg IMG_0805.jpg IMG_0813.jpg IMG_0825.jpg