Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 676
    Тибқи нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера...

    Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент            


                                              

    IMG-20231031-WA0024.jpg

    Тибқи нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо ҳамкории кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар митақаии Зарафшон дар хиёбони А.Рӯдакии  шаҳр амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

    Дар рафти амалиёт 55 адад нақлиётҳои сабукрави тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и шаҳр ирсол гардид.