Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1191
    Тибқи боби 3, банди 13-и нақшаи чорабиниҳои бо қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи татбиқи...

    Даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин»               


                                              


    Тибқи боби 3, банди 13-и нақшаи чорабиниҳои бо қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бахшида ба Иди «Меҳргон» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-и ноҳияи Мастчоҳ даври вилоятии озмуни «Тирамоҳи заррин» пуршукӯҳ доир гардид.

    Боиси қайд аст, ки ҳар сол, дар моҳи октябр бо мақсади фаъол гардонидани кори маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти иловагӣ, иттиҳодияҳои кӯдаконаи экологӣ дар бахши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии хонандагон озмуни мазкур аз тарафи Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд гузаронида мешавад.

    Дар соли равон низ дар даври вилоятии озмун беш аз 300 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолона иштирок намуданд.

    Ғайр аз ғолибон, соҳибони ҷойҳои 2 ва 3-юм бо диплому тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуда, гурӯҳи ташаббускори хонандагон оид ба нигаҳдории ҳифзи муҳити зист аз раванди «Нозирони сабз» барои фаъолияти назаррас ва иштироки фаъолона дар озмун, дар маҷмуъ бо 16 адад сипоснома сарфароз гардонида шуданд.  

    Ба ҳайси доварон сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Саидов Х.М. ва роҳбари гуруҳи ТҶ «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд Мамадов И. дохил гардида, ба ғолибони озмуни мазкур Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

    20231027_103440.jpg 20231027_105045.jpg 20231027_133029.jpg 20231027_133213.jpg