Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 88
    Дар толори бинои муассисаи давлатии қасри ҷавонони ба номи “Лоиқ Шералӣ”-и шаҳри Хуҷанд озмун...

    Озмун - намоиши VIII-уми ҷумҳуриявии парандаҳои хушовоз дар шаҳри Хуҷанд               


                                              


    Дар толори бинои муассисаи давлатии қасри ҷавонони ба номи “Лоиқ Шералӣ”-и шаҳри Хуҷанд озмун - намоиши VIII-уми ҷумҳуриявии парандаҳои хушовоз баргузор гардид. Дар озмун – намоиш меҳмонон, парандапарварони чунин парандаҳои хушовоз аз пойтахти ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе, аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Деваштичи вилояти Суғд дар маҷмуъ беш аз 40 нафар иштирок намуданд.

    Тибқи шартҳои баргузории чорабинӣ аз ҳамаи иштирокчиён 25 парандаҳои хушовоз ба озмун роҳ дода шуда, доварони интихобгардида пас аз шунидани ҳар як паранда баҳогузорӣ намуданд.

    Дар натиҷа иштирокчиён аз шаҳри Хуҷанд ҷойи якум ва сеюмро ишғол карда, иштирокчӣ аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм гардид ва онҳо бо дипломи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, медал, ҷом ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ғайр аз ин, ба ғолиби озмун - намоиши VIII-уми ҷумҳуриявии парандаҳои хушовоз аз ҷониби намояндаи Сарраёсат Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

    Ҳамчунин, ба 10 нафар барои иштироки фаъолона сипосномаи сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят супорида шуд.

    Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят минбаъд низ, ҳаваскорон ва дӯстдорони парандаҳои хушовози маҳаллиро дастгирӣ карда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани чунин озмун - намоиши парандаҳои хушовоз, иди паранда ва дигар чорабиниҳое, ки барои рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад, мусоидат менамояд.

    20231021_144923.jpg 20231021_145107.jpg 20231021_145314.jpg