Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 1038
    10 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри Кумита бо иштироки роҳбаряти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати...

    Ҷаласаи сайёри экологӣ дар вилояти Суғд             


                                              

    IMG_1037.jpg

    10 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри Кумита бо иштироки роҳбаряти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита, сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, алоҳида шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, масъулони муассисаҳои коммуналии вилояти Суғд баргузор гардид.

    Ҷаласа таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷараён гирифт. Дар он 3 масъалаи вобаста ба ҳифзи муҳити зист, аз қабили чораҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати экологии иншоотҳои обтозакунӣ, пасобҳо ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани оби ҷӯю дарёҳо, аз ҷумла обҳои сарҳадгузар; дигар натиҷаи санҷиши фаъолияти 9-моҳаи соли ҷории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, ки қаблан аз ҷониби гӯрӯҳи кории аз ҷониби Кумита сафарбаргардида санҷида шуда буд, инчунин натиҷаи фаъолияти Кумита ва зерсохтори он дар моҳи октябри соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Тибқи тартиби кори ҷаласа муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З., сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И. ва рӯи масъалаҳои рӯзнома баромад намуданд.

    Раиси Кумита оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис изҳори андеша намуда, аз ҷумла қайд кард, ки ҳадафи асосии мо тибқи салоҳиятҳои мақомоти соҳавӣ дар раванди пешбурди назорати давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ин беҳтар намудани ҳолати экологии ҳар як маҳаллаю кӯча ва дар умум тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад. Бо назардошти зиёд шудани аҳолӣ ва иншооти истиқоматию хизматрасонӣ моро зарур аст, ки барои беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологии шаҳрвандон чораҳои таъхирнопазир андешем қайд гардид дар ҷаласа.

    Дар ҷаласаи сайёр оид ба ҳар як масъалаи рӯзномаи ҷаласа бо назардошти саволу ҷавоб, пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

    Гузаронидани чунин ҷаласаҳои сайёр барои табодули таҷриба, шиносоӣ бо объектҳои марбутаи маҳаллӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам дар дигар шаҳру ноҳияҳо барои беҳтаргардонии муҳити зист мусоидат менамояд. 

    IMG_6522.jpg IMG_6481.jpg IMG_6519.jpg IMG_0997.jpg