Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 720
    Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри...

    Озмун – викторинаи экологӣ байни дастаҳои «Нозирони сабз»-и ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом             


                                              

    20231113_133117.jpg

    Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом байни дастаҳои «Нозирони сабз» аз 6 муассисаҳои таълимӣ озмун – викторинаи экологӣ баргузор гардид.

            Боиси қайд аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ чунин чорабинӣ гузашта буд, аммо бо ташаббуси худи хонандагон ва омӯзгорон дастаҳои нав ташкил гардида, онҳо дар озмуни мазкур аз рӯи 3 шарт - «муаррифӣ», «видеоролик» ва «викторина» баромад намуданд.

    Баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», дар мавзуъи «энергияи сабз» ва сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ бахшида шуда, аъзои ҳайати ҳакамон – намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ва шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом баромади дастаҳоро баҳогузорӣ намуданд.  

    Дар натиҷа дастаи «Сарфакор» аз МТМУ №20 сазовори ҷойи 1-ум, дастаи «Фурӯзон» аз МТМУ №24 - ҷойи 2-юм ва дастаи «Қувваи барқ» аз МТМУ №46 - ҷойи 3-юм шуда, соҳиби ҷоми озмун, сертификат ва тӯҳфа гардиданд. Ба боқимонда дастаҳои «Энергия» аз МТМУ №17, «НОБ Қайроққум» аз МТМУ №21 ва «Офтоб» аз МТМУ №37 сертификати иштирокчии фаъол супорида шуд.

    Ғайр аз ин, ба дастаҳои се ҷойи аввалро ишғолкарда, аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, ҳамчун раиси ҳакамон Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

    Дар ин ҷо бояд қайд намоем, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва дар татбиқи амалии бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» мувофиқи мақсад буда, минбаъд мутахассисони сарраёсат баҳри баланд бардоштани дониши экологии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҷалби бештари онҳо ба чорабиниҳои экологӣ ҳамкории судмандро бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд идома медиҳад.