Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 294
    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дар доираи...

    Баргузории аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон               


                                              


    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон дар доираи амалигардониии нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории аксияҳои экологӣ дар соли 2023 чунин чорабиниҳоро баҳри беҳдошти муҳити зист пайваста роҳандозӣ менамояд. 

    Дар пайи ин тадбирҳои муҳитизистӣ аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи мазкур аксияи экологии “Тозагии соҳил” рӯи даст гирифта шуд, ки дар рафти он беш аз 38 нафар кормандони касбу кори гуногун ва аҳолӣ иштирок дошта, ҳаҷми партовҳои тозакардашуда 0,6 км-ро ташкил дод. Ҳаҷми партовҳои баровардашуда бошад 1 м3-ро дарбар гирифт. Ҳамчун, тибқи иттилои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб дар рафти баргузории аксияи мазкур 1 адад техника ҷалб карда шуд.

    IMG-20231016-WA0008.jpg IMG-20231016-WA0010.jpg IMG-20231016-WA0012.jpg