Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 306
    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Фархор санаи 11 ноябри соли 2023, баҳри тозаву озода...

    Баргузории аксияи “Тозагии соҳил” дар ноҳияи Фархор             


                                              

    IMG_20231108_112736.jpg

    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Фархор санаи 11 ноябри соли 2023, баҳри тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарё, каналҳо ва ҷӯйборҳои   ҳудуди ноҳияи мазкур бо иштироки сокинони маҳллӣ аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд. Дар рафти аксияи мазкур беш аз 30 нафар   кормандони касбу кори гуногун ва аҳолӣ иштирок намуданд.

    Иштирокдорон ба тоза намудани канор ва заҳбури назди кӯчаи мазкур аз партовҳои маишӣ машғул гардиданд, ки дар натиҷа ба масоҳати 400 м ва дар ҳаҷми 1,6 м3 партовҳо тоза гардида тавассути техника ва нақлиёти боркаш ба партовгоҳи ноҳиявӣ кашонида шуданд.

    Чунин аксияҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи мазкур идома дорад.