Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 875
    Санаи 27 ноябри соли ҷорӣ вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

    Вохӯрии раиси Кумита Шерализода Баҳодур  Аҳмадҷон бо ҳайати миссияи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ               


                                              


    Санаи 27 ноябри соли ҷорӣ вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо ҳайати миссияи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Роберто Лонго, директори барномаҳои фонди мазкур барои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои вобаста ба оғози лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ таҳти унвони “Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа плюс” (CASP+) мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

    Мақсади амалишавии лоиҳаи мазкур ин мусоидат намудан ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии манфиатгирандагон аз 21 ноҳияҳои зерҳадафи вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тавассути амалӣ намудани чорабиниҳо бо назардошти мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим, барқарорсозии ландшафтҳо ва беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо мебошад.

    Маблағгузории лоиҳаи мазкур бо ҷалби маблағҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, Фонди иқлими сабз ва Фонди Глобалии экологӣ пешбинӣ шудааст. Айни замон дар асоси Созишномаи молиявии баимзорасида байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, танҳо маблағгузорӣ аз ҷониби фонди мазкур оғоз гардидааст.

    Бо назардошти муҳимияти лоиҳаи мазкур аз ҷониби Кумита хоҳиш карда шуд, ки ҷиҳати ба анҷом расонидани расмиёти зарурии
    вобаста ба ҷалби маблағҳои Фонди иқлими сабз ва Фонди Глобалии Экологӣ
    чораҳои мушаххасро андешанд.

    Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо ҷиҳати идома додани ҳамкориҳо дар самтҳои дигари вобаста ба бомуваффақият амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ба
    мувофиқа расиданд.

    IMG_1666.jpg IMG_1665.jpg