Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 990
    2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон...

    Иштирок дар ифтитоҳи Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ               


                                              


    2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҳошияи Конференсияи 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар маросими ифтитоҳи Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабинии сатҳи баланди “Амалҳои ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ибтикори кишвари мо дар чорчӯби Конфронси мазкур доир гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

    Дар суханронии худ Пешвои миллат иштирокдорони ҳамоишро хайрамақдам гуфта, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба аҳаммияти қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва санаи 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ҳамчунин дар чорчӯби Созмони Милал таъсис додани “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” ҷалб намуданд.

    Мавриди зикр аст, ки қатъномаи мазкури Созмони Милал аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ эътироф намуда, вобастагии пиряхҳо ва иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устуворро ифода мекунад, таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

    Дар маросими ифтитоҳи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Жунхуа, Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас, Котиби иҷроияи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба океанография, ёвари директори генералии ЮНЕСКО Владимир Рябинин, ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман, мушовири калони махсуси идораи Президенти осиёии рушд оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим Варрен Еванс иштирок доштанд.

    Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс бо мақсади муаррифӣ ва пешниҳоди ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим, ҷалби бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардонидани соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ташкил мегардад.

    Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлимро соли 1998 шомил шуда, Созишномаи Парижро соли 2017 ба тасвиб расонидааст.

    Тибқи муқаррароти қаблугардида, Конфронси тарафҳои Конвенсияи мазкур дар як сол як маротиба бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳайати васеи намояндагони кишварҳои аъзо, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд баргузор мегардад.

    Дар назар аст, ки дар ҳошияи Конференсияи 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо мақсади муаррифӣ намудани сиёсати пешгирифтаи кишварҳои аъзо дар самти иҷрои уҳдадориҳо дар назди Конвенсия баргузории чорабиниҳои канорӣ, ҳамоишҳо, вохӯриҳо ва павилионҳо ташкил карда мешаванд.

    Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябр то 12 декабри соли 2023 дар ҳошияи Конфронси мазкур дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мегардад. 

    407361719_677098477869827_4906557450058750364_n.jpg 407362488_677098437869831_7769791696513960099_n.jpg 407687947_677098521203156_6925046021073952810_n.jpg 407308873_677098401203168_604645597900958335_n.jpg

    407410037_677098511203157_8737512167149440637_n.jpg 407363963_677098377869837_3584376737670908623_n.jpg 407364534_677098464536495_3634490903246085878_n.jpg 407286086_677098341203174_4687285680837552531_n.jpg

    407858829_677098354536506_5114775485503084262_n.jpg 407699159_677098407869834_2615396102873063303_n.jpg    

    http://www.president.tj/node/32030