Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 918
    3 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон...

    Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга              


                                              


    3 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим бо Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга мулоқот карданд.

    Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ муҳокима карда шуд.

    Дар ин робита Сарвари давлати мо саҳми Бонкро дар маблағгузорӣ ба тадбирҳои мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва пешгирӣ аз онҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

    Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки умумиҷаҳониро яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар соҳаи рушд арзёбӣ карда, аз сатҳи ҳамкориҳо бо он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

    Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълии ҳамкориро дар соҳаҳои обу энергетика, кишоварзӣ, муҳити зист ва рушди деҳот, сиёсати иқтисодӣ, рушди бахшҳои тандурустӣ, маориф, , шаҳрсозӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

    Зимни суҳбат Пешвои миллат ба зарурати идомаи татбиқи лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли барқ “CASA-1000”, ки бозори энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро тавассути Афғонистон бо ҳам мепайвандад, таъкид карданд.

    Айни ҳол Бонк дар Тоҷикистон 28 лоиҳаро бо маблағи умумии 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ мекунад.

    Амалӣ намудани ислоҳоти фарогир ва сохтории иқтисодиёти кишвар, алалхусус дар соҳаҳои алоқаи барқӣ, рақамикунонӣ, авиатсияи гражданӣ ва беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ бо Бонк маънидод гардид.

    Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

    Дар фарҷоми суҳбат Пешвои миллат аз Президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд. Ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

    405252772_677562737823401_9169232933985318418_n.jpg 405401383_677562667823408_1759088355806252223_n.jpg 405366818_677562671156741_6768649196083840223_n.jpg 405417398_677562734490068_2251844652635806117_n.jpg         

      http://www.president.tj/node/32057