Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 964
    Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур дар ҳошияи Конфронси...

    Кишварҳои Осиёи Марказӣ механизми стратегияи ягонаи амалро дар музокирот оид ба тағйирёбии иқлим таҳия хоҳанд кард               


                                              


    Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар мулоқоти ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат дошт.

    Ин нишаст бо мақсади таҳкими мавқеъ ва садои минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар равандҳои музокирот оид ба тағйирёбии иқлим дар Конфронси 28-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28), бо нозирон ва мушовирони байналмилалӣ доир гардид.

    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамо ва стратегияҳои иштироки фаъолонаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар самтҳои асосии COP 28-ро баррасӣ намуданд. Дар рӯзномаи ҷаласа муҳокимаи гузориши саҳҳомӣ фонди талафот ва хисорот, маблағгузории иқлим, инчунин иҷрои бандҳои асосии Созишномаи Париж буд.

    Дар навбати худ, нозирон ва мушовирони байналмилалӣ оид ба равандҳои музокироти COP 28 иштирокчиёнро бо ҷанбаҳои асосии ҷаласаҳои мубоҳисавӣ ошно намуданд.

    407783504_679665997613075_1187787801429485287_n.jpg 408524234_679666034279738_6731896380664710588_n.jpg