Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 978
    10 декабри соли равон дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид...

    Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар дар ҳошияи COP28               


                                              


    10 декабри соли равон дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) дар шаҳри Дубайи Аморати Мутаҳидаи Араб вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар - ҷаноби доктор Фолеҳ бин Носир баргузор шуд.

    Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва Давлати Қатар дар самтҳои тағйиребии иқлим баррасӣ гардид. Аз ҷумла зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла муҳофизати ҳайвоноти ваҳшӣ ва растаниҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта, парвариши лочин, мубодилаи стратегия ва таҷриба дар соҳаи қонунгузории экологии вобаста ба шикори танзимшаванда ва ғайра.

    Зимни вохӯрӣ раиси Кумита Шерализода Б. А. доир ба саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи кишвар ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим ибрози назар намуд. Ҳамзамон, вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Давлати Қатар ҷнақши Тоҷикистонро дар пешбарии масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ карданд, муваффақ анҷом ефтани Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд таъкид намуданд.

    Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ оид ба ҳамкориҳои густурда дар самтҳои ҳифзи муҳити зист доир шуда, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба мувофиқа расиданд. 

    408859819_681255870787421_7597910069647411431_n.jpg 408807561_681255867454088_5860580964123964707_n.jpg 408773204_681255970787411_4333379041399623919_n.jpg