Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 668
    6 декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии...

    Машғулияи навбатӣ дар  мавзуи “Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист”               


                                              


    6 декабри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мавзуи “Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист. Асосҳои ташкили сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, консепсияҳо, барномаҳо, стратегияҳо, дурнамоҳо ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист” машғулияти бозомӯзии кормандон баргузор гардид.

    Мавзуи мазкурро сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров Исфандиёр ба таври мушаххас ва оммафаҳм шарҳу маънидод намуд.

    Пас аз қисмати анҷоми машғулияти бозомӯзӣ ба маърӯзакунанда оид ба мавзуи болозикр суолҳо дода шуда, ба суолҳои додашуда аз тарафи Шукуров И. ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

    1702095202293.jpg 1702095202269.jpg