Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 898
    11 декабри соли равон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур...

    Иштироки раиси Кумита дар мизи мудаввар оид ба ташаббуси ҷаҳонии "Ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳои оби тоза"               


                                              


    11 декабри соли равон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар мизи мудаввари сатҳи баланд оид ба мушкилот ва уҳдадориҳои кишварҳои ҷаҳон дар мавзуи “Ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳои оби тоза”, ки барои коҳишдиҳӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муҳим аст, иштирок ва суханронӣ намуд.

    Зимни суханронӣ раиси Кумита қайд намуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли мушкилоти обу иқлим саривақтӣ мебошад.

    Ба хусус аз иштирокчиёни чорабнии мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад фаъолона иштирок намоянд.

    Инчунин қайд гардид, ки мушкилоти оби тоза, ки дар Конфронси Оби Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи марти соли 2023 бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор гашт, ташаббуси наҷибтарин ба ҳисоб рафта, кишварҳои узвро ҷиҳати нигоҳ доштан ва барқарорсозии экосистемаҳои оби тоза роҳандозӣ менамояд.

    Мушкилоти оби тоза як роҳи мусоидат ба ворид намудани ҳадафҳои марбут ба об ба созишномаҳои бисёрҷонибаи экологӣ ва чаҳорчӯбаи рушд, аз қабили Рӯзномаи 2030 ва Чаҳорчӯби Сендай ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи онҳо мебошад.

    Чорабинии зикргарида бо мусоидати давлати мизбони COP-28 - АМА, Хазинаи ҷаҳонии табиати ваҳшӣ (WWF), Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN), Барномаи муҳити зисти СММ (UNEP) баргузор гардид.

    409153505_682340320678976_5301067770388912253_n.jpg 409179912_682340270678981_8111251779682496710_n.jpg 409793151_682341910678817_4291842593953348272_n.jpg 409778698_682340357345639_355712421731288181_n.jpg