Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 562
    Бо оғоз гардидани мавсими нави ниҳолшинонӣ аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар тадбирҳои...

    Ҳашари ниҳолшинонӣ дар шаҳри Бохтар               


                                              


    Бо оғоз гардидани мавсими нави ниҳолшинонӣ аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар тадбирҳои оммавии экологӣ андешида шуда, мувофиқи қоидаҳои тавсиянамудаи мутахассисон дар мавзеъҳои муайянгардида, ниҳолони сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд.

    Дар ҳамин доира дар қитъаи замини ёрирасони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, ки 4 гектарро дар бар гирифта, дар ҳудуди шаҳри Бохтар, шафати шоҳроҳи Душанбе-Бохтар-Панҷи Поён ҷойгир аст, бо иштироки кормандону мутахассисони соҳа ҳашари ниҳолнинонӣ ташкил карда шуд.

    Тибқи иттилои масъулин ниҳолҳои ҳамешасабзи сузанбарг дар ин мавзеъ шинонида шуда, минбаъд дар инҷо парвариши ниҳолҳои гуногуни сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ дар назар дошта шудааст, ки барои сарсабзу хуррамгардонии дигар мавзеъҳо мусоидат менамояд.

    Халилзода Шамсиддин мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар иттилоъ дод, ки сол аз сол назорати раванди ниҳолшинониву кабудизоркунӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, шуруъ аз интихоби ниҳол, макони шинонидани он ва дигар қоидаҳои агротехникии ниҳолшинонӣ ва нигоҳубини сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда ба инобат гирифта мешавад.

    Дар шаҳри Бохтар дар баробари ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ҳамзамон бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сокинону кормандони ташкилоту муассисаҳо пайваста чорабиниҳои экологӣ аз қабили “Тозагии соҳил”, “Тозагии маҳал” ва “Тозагии шоҳроҳ” гузаронида шуда, ба ин восита муҳити атроф ба хусус марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳо тозаву озода гардонида мешаванд.

    Тавре масъулин иброз доштан амали намудани ҳамин қабил чорабиниҳои оммавӣ имкон медиҳад, ки тарзи ҳаёти солим ва маърифати экологӣ миёни сокинон тарғиб карда шуда, дар ин баробар муҳити атроф тозаву озода нигоҳ дошта шавад.

    мудирони бахшу шубаҳо.jpg рафти кор.jpg фото эко.jpg