Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 15
    Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки зиёда аз 100 нафар сокинону кормандони...

    Баргузории аксияҳои экологӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ             


                                              

    чоряккорон.jpg

    Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки зиёда аз 100 нафар сокинону кормандони касбу кори гуногун дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Навобод, ҷамоати деҳоти Чортеппа ва Чаряккорон аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” баргузор гардид.

    Дар рафти аксия дохили каналу ҷӯйборҳо ва роҳу кӯчаҳо аз партовҳои сахти маишӣ ва алафҳо тоза карда шуда, партовҳои ҷамъоваришуда ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.

    Инчунин, бо оғоз гардидани мавсими нави ниҳолшинонӣ дар деҳаи Ганҷободи ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки кормандону мутахассисони соҳа ҳашари ниҳолшинонӣ ташкил карда шуд.

    Тибқи иттилои масъулин дар талу теппаҳои ҷамоати мазкур 75 бех дарахтони сояафкани карағоч шинонида шуда, корҳои ниҳолшинонӣ дар ин самт идома дорад.