Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 183
    13 феврали соли 2024 дар ҳошияи 14-умин Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии...

    Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон             


                                              

    424613347_718731493706525_2823548615598640100_n.jpg

    13 феврали соли 2024 дар ҳошияи 14-умин Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов баргузор гардид.

    Дар доираи вохӯрии мазкур масъалҳои татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳифзи муҳити зист ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, ҳамкорӣ дар самти парвариши саршумори уриалҳо ва дигар ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон дар мамнӯъгоҳи давлатӣ ва дигар минтақаҳои, ва баргузор намудани чорабиниҳои муштарак вобаста ба таҳкими дониши мутахассисон дар идоракунии ҳудудҳои муҳофтзатшаванда ва як қатор дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд.

    Вохӯрии мазкур дар фазои якдигарфаҳмӣ анҷом ёфта, раиси Кумита Шерализода Баҳодур муҳтарам Азиз Абдуҳакимовро ба Конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор”, ки баргузории он моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душабе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуданд.