Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 181
    12 феврали соли 2024 дар ҳошияи 14-умин ҷаласаи Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии...

    Вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо директори Фонди глобалии экологӣ (GEF)             


                                              

    424585106_717800327132975_7084980499063706693_n.jpg

    12 феврали соли 2024 дар ҳошияи 14-умин ҷаласаи Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо директори Фонди глобалии экологӣ ҷаноби Карлос Мануел Родригес баргузор гардид.

    Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, аз даст додани гуногунии биологӣ, ифлосшавии муҳити зист ва масъалаҳои дигари муҳими марбута таваҷҷуҳи хоса доданд. Инчунин, дар доираи вохӯрии болозикр раиси Кумита аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар пешбурд ва ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи чаҳонӣ ёдовар шуда, вобаста ба дастгирии амалишавии онҳо аз ҷониби фондҳои экологӣ ва шарикони рушд иброз намуданд.

    Дар қисмати ниҳоии мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фонди болозикр дар заминаи гуногунии биологӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зистро тақвият диҳанд. Инчунин, раиси Кумита ҷаноби Карлос Мануел Родригесро барои боздид намудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти муносиб даъват намуданд.