Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 175
    7 феврали соли 2024 дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенсӣ” бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии...

    Натиҷагирӣ аз иштироки Кумита дар 28-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим COP28               


                                              


    7 феврали соли 2024 дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенсӣ” бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) мизи мудаввар дар мавзуи “Натиҷагирии 28-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28)” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои кишвар, шарикони рушд ва бахши хусусӣ баргузор гардид.

    Ҳадафи асосии мизи мудаввари мазкур муаррифии натиҷаҳои бадастоварда дар ҳошияи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва инъикоси қарорҳо мебошад.

    Дар чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони Кумита 3 рӯйнамо пешкаш гардиданд, ки дар онҳо натиҷаҳои бадастовардаи зеррин матраҳ гардиданд:

    -баррасии гуфтушунидҳо ва таъсири онҳо ба ҷараёни маблағгузории иқлимӣ;

    -натиҷаҳои COP28 ва таъсири онҳо ба маблағгузории иқлимӣ аз ҷониби шарикони рушд;

    -натиҷаҳои фаъолияти павилиони милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи COP-28.

    Дар чорабинии мазкур директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло ва директори намояндагии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID) Питер Райли иштирок ва суханронӣ намуданд.

    424602327_714700204109654_3354247996209305954_n.jpg 422029192_714700114109663_2987723327186275943_n.jpg 422051626_714700387442969_6542904157013403177_n.jpg 424931622_714700230776318_2973165890032606887_n.jpg