Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 176
    Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори...

    Маъракаи ниҳолшинонӣ дар Резервати биосферии “Ромит”                 


                                              


    Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаҳои ниҳолшинонию кабудизоркунӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бомаром идома дорад.

    Дар пайи чунин иқдомҳо санаи 3 феврали соли 2024 дар экосистемаҳои Резервати биосферии “Ромит” маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз 1000 бех навниҳолони дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишӣ шинонида шуданд.

    Ҳифзу нигоҳдории ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, бахусус ҳолати табиии экосистемаҳои хос, муҳити сукунати олами ҳайвоноти нодир ва пешгирии таназзулёбии экосистемаҳои табиӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад. Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим бевосита иштирок намуданд.

    Инчунин, кормандони Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”-и Кумита, мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат ва сокинони маҳал дар маъракаи ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок карда, дар беҳдошти муҳити зисти ин гӯшаи табиати зебоманзари кишвари азизамон саҳми худро гузоштанд.

    Бояд тазаккур дод, ки навниҳолони дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии шинонидашуда, аз ҷумла навъи санавбар, айлан, туйка ва олучаи даштӣ хоси иқлими мавзеи мазкур буда, бо риояи талаботи агротехникӣ шинонида шуданд.

    Ҳамзамон, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди Резервати биосферии “Ромит” аз паваришгоҳи кабк дидан намуда, ба масъулини соҳа ҷиҳати мунтазам амалӣ намудани чорабиниҳои биотехникӣ ва бо ин васила аз талафот эмин нигоҳ доштани олами ҳайвоноту парандагони нодир дар давраи сардии зимистон дастурҳои мушаххас доданд. 

    422009624_713526157560392_766407670761317214_n.jpg 424590051_713526587560349_1393315003693401392_n.jpg 424674481_713519277561080_3302910154799276376_n.jpg 424931622_714700230776318_2973165890032606887_n.jpg