Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 76
    Дар доираи гузаронидани омӯзиш ва таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ...

    Вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯёни «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ»             


                                              

    20240214_101634.jpg

    Дар доираи гузаронидани омӯзиш ва таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ» вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо беш аз 120 нафар омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

    Ҳамчунин, дар чорабинӣ директори коллеҷи мазкур, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия иштирок доштанд.

    Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби сармутахассиси Сарраёсат ба донишҷӯён маълумот дар бораи Барномаи давлатӣ, натиҷаҳои чунин ду барномаи аввал, масъалаҳои вобаста ба ҳифзи захираҳои об, пиряхҳои Тоҷикистон, тағйирёбии иқлим, муаммоҳои муомилот бо партовҳо, олами набототу ҳайвоноти нодири ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва дигар масъалаҳое, ки бо тарбия ва баланд бардоштани дониши экологии ҷавонон вобастагӣ дорад пешниҳод карда шуд.

    Дар интиҳо ба роҳбарият ва китобхонаи муассисаи давлатии таълимӣ аз тарафи намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ду адад Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.