Маркази ахбори экологӣ | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



      Хабарҳо


    | 2
    Санаи 31 январ дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар ҷашни Иди...

    Иштироки Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар Иди Сада               


                                              


    Санаи 31 январ дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар ҷашни Иди Сада дар баробари дигар сохтору ташкилотҳо кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят фаъолона иштирок доштанд.

    Дар ярмарка аз тарафи мақомоти ҳифзи муҳити зист ниҳолҳои дарахтони нодиру ороишӣ, сояафкан ва гулу гулбуттаҳо ба монанди санавбар, сарви аризонӣ, сарвинози тиллоӣ, коҷи кабуд, шамшоди калон, палма, магнолия, булут, каштани калон, каталпаи зебо, чинор, булут, сада, бирючинаи ҷилодор, юкка, коҷи кабуд ва гулҳои мавсимӣ ба намоиш гузошта шуд.

    Тибқи талабот ниҳолҳо ва гулу буттаҳо бо шиору овезаҳо ва зарфҳои махсус оро дода шуда, номгӯи ҳар яки онҳо бо навиштаҷот гузошта шуд.

    Дар интиҳо Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят барои ҳиссагузорӣ дар ярмарка фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии зироатҳо бахшида ба Иди Сада бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ карда шуд.

    изображение_viber_2024-02-01_08-20-54-068.jpg сада 1.jpg сада 6.jpg