Муаррифии натиҷаҳои ҳамоиши Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Брюссел
Брюссель, 13 июни 2025 – Дар Брюссел чорабинии махсус таҳти унвони “Чолишҳои марбут ба захираҳои об ва ривоятҳои муҳитизистӣ барои ояндаи устувор ва ба иқлим тобовар” баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо – 2025 (Душанбе, 29-31 майи 2025) муҳокима шуданд.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, раиси гӯруҳи байнипарлумонӣ, узви Сенати Подшоҳии Белгия Крис Фердуюкт, директори генералии Вазорати корҳои хориҷии Юнон оид ба ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим Мария Диамантопоулу, муовини мудири департаменти Хадамот оид ба ҳамкорӣ бо Россия, Шарикии Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва САҲА-и Хадамоти амалиёти берунаи аврупоӣ таҳти сарварии Люк Девин, роҳбари Дафтари минтақавии UNDRR барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Наталия Алонсо Кано, роҳбари дафтари UNESCO дар назди Иттиҳоди Аврупо Людовик Фолин Калаби, Сафири Костарика дар Белгия (ҳамчун намояндаи кишвари ҳамраиси Конфронси СММ оид ба уқёнус 2025) вакилони Парлумони Аврупо – аъзои Кумитаи муҳити зист, иқлим ва бехатарии озуқаворӣ Сакис Арнаоутоглоу ва Николас Фарантоурис суханронӣ намуданд.
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суханронии худ моҳияти ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи обу иқлим ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо – 2025-ро муаррифӣ намуда, оғози “Раванди нав оид ба ҳифзи пиряхҳо” ва пешбурди ин рӯзномаро махсусан тавзеҳ доданд.
Сухангӯёни ин ҳамоиш аз нақшофарии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар мавзуи об ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, оид ба таҷриба ва бархурди кишвару ниҳодҳои худ бо чолишҳои муҳитизистӣ, пешгирии тағйирёбии иқлим, коҳиши офатҳои табиӣ ва гузариши сабз сухан гуфтанд.